Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хешону наздикони духтареро, ки бино ба маълумоти журналистони рус аз Тоҷикистон буда, волидонащ ба Ироқ бурдаанд, ҷустуҷӯ дорад. Қобили зикр аст, ки дар яке аз паноҳгоҳҳои шаҳри Бағдод духтаре бо номи Марям дарёфт шуд, ки эҳтимол меравад зодаи Тоҷикистон аст. Доир ба ин духтар дар шабакаи телевизионии Russia Today гузориш пахш шуд.
↧