Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайри нави Кӯлоб-Москва оғоз менамояд. Парвози ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» аз Кӯлоб ба фурудгоҳи Внуковои Москва ҳафтае 3 маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе ба иҷро мерасанд.
↧