Ба писари собиқ сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Дилдор Мақсудшоев, ки рӯзи 13 сентябр зимни гусели президент фавтид, иҷрои вазифаи падар вогузор шуд. Котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шуҳрат Мақсудшов муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ таъин шудааст.
↧