Ширкати амрикоии Apple якбора се навъи нави телефонҳои ҳушманди худ, маъруф ба "айфон"-ро муаррифӣ кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, раиси ширкат Тим Кук iPhone X-ро (манзур аз X рақами римии даҳ аст) "ҷаҳиши бузург"-е аз замони ба фурӯш баромадани нахустин "айфон" номид.
↧