Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар Машварати САҲА оид ба баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Варшава ҳузур надорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, иштироки ҳайати ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти раҳбарии Омбудсмени кӯдакони Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода дар ин машварат аслан ба нақша гирифта нашуда буд.
↧