Сардори Шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар( ОБНОН)-и ШВКД ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо далели порагирӣ боздошт шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар дод, ӯ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд боздошт шудааст.
↧