Дар Тоҷикистон маоши аз ҳама баландтарин дар шаҳри Роғун ва пасттарин - дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст. Бино ба иттилои портали иқтисодии интернетии ENT.TJ бо истинод ба маълумоти оморӣ, охири соли 2016 ҳаҷми маоши моҳона дар Роғун ба ҳисоби миёна 1917 сомонӣ ва дар Кӯҳистони Мастчоҳ бошад, ҳамагӣ 268 сомониро ташкил додааст.
↧