Овозхони ҷавони тоҷик Таҳмина Ниёзова номзадии худро дар озмуни Eurovision 2018 пешбарӣ кардааст. Бино ба иттилои хабаргузории Sputnik Тоҷикистон , овозхон дар ин озмун аз номи кишвари урупоии Сан-Марино ширкат хоҳад кард. Таҳмина гуфтааст, Сан-Марино дар интернет барои интихоби намояндааш дар Eurovision 2018 озмун эълон кард ва ӯ низ бахти худро санҷиду аз давраи аввали он гузашт.
↧