Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқатро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Президент бо шароити таълим шинос шуда, бо хонандагону таълимгирандагони ин даргоҳ суҳбати самимӣ орост.
↧