Дар ҷаласаи додгоҳӣ аз рӯи парвандаи вазири пешини рушди иқтисодии Русия Алексей Улюкаев 2 миллион долларро ба додгоҳ оварданд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузориҳо, ҷониби айбдоркунанда тасмим дорад, пулҳоеро, ки бояд вазир ҳамчун пора қабул мекард, дар додгоҳ ҳозир кунад. Пулҳо дар қуттии калон ва халтаи селофанӣ ҷой доштаанд.
↧