Аллакай муддати 1 сол аст, ки Идораи марказии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и шаҳри Душанбе дар бинои начандон бузурги якошёна дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ» фаъолият дорад. Бино аз қисмати маъмурӣ, толори тантанавӣ, толори навбатпоиву аксбардории навхонадорону наздикони онҳо ва меҳмонон иборат аст.
↧