Охири моҳ дар шаҳри Душанбе воқеаи аҷибу фараҳбахш ва гуворое рух дод. Дар роҳ ба таваллудхона дар автомашинаи ширкати «Рахш такси» тифли навзод ба дунё омад. Шаби 28 ба 29 октябр ба маркази хизматгузории ширкати «Рахш такси» аз як зани пурҳаяҷон, ки дар мавзеи Донишкадаи тиҷорат зиндагӣ мекунад, занг расид.
↧