Дар пайи тозатарин озмоиши мушакии Кореяи Шимолӣ, ки аз болои хоки Ҷопон убур кард, мақомоти Амрико, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ фишорҳои худро ба Пхенян афзоиш дода ва вокуниши тунд нишон доданд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , ин мушак субҳи сешанбе аз наздикии Пхенян -- пойтахти Кореяи Шимолӣ партоб шуда ва аз ҳарими ҳавоии шимоли Ҷопон убур кардааст.
↧