Мақомоти пулиси Русия як зодаи 33-солаи Тоҷикистонро боздошт кардаанд, ки раҳбари намояндагии гуруҳи террористии Давлати исломӣ (ДИ) дар Санкт Петербург ном бурда мешавад. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо истинод ба расонаҳои Русия, номбурда аз сӯи мақомот 19 октябр дар вилояти Ленинград боздошт гардидааст.
↧