Вазъи саломатии инсон дар ҳар ҷомеа ба ғизои хуб вобаста аст. Камғизоӣ ва норасоии витамину минералҳои зарурӣ дар хӯрокворӣ пайомадҳои ногувор дошта, боиси камхунию камвазнӣ, бемадорию нотавонӣ, ақибмонии рушди ақлонию ҷисмонӣ, инчунин фавти беш аз 7500 кӯдаки тоҷикистонӣ дар як сол мешавад.
↧