Шореҳи телевизион дар Русия Ксения Собчак расман эълом кард, ки номзадияшро ба мақоми президентии Русия дар интихоботи соли 2018 пешбарӣ мекунад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, 5 сол аст, ҳамроҳ бо мухолифон ва "даҳҳо ҳазор одами дигар" ба кӯчаҳо баромада, тағйиротро талаб дорад, вале тағйироте сурат нагирифт.
↧