Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ декани яке аз факултетҳои Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Ҳабибулло Салимовро зимни 5 ҳазор сомонӣ пора гирифтан боздошт намуданд. Тавре дафтари матбуоти Агентӣ иттилоъ медиҳад, декан барои дохил намудани як сокини пойтахт ба гурӯҳи буҷетии Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ аз ӯ 5 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
↧