Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Амири Давлати Қатар ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ бинобар сабаби даргузашти бародарашон Нуриддин Раҳмон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ баён намуд.
↧