Ба сарбозони оиладори хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон минбаъд ҳар ним сол рухсатӣ пешбинӣ мешавад. Муддати то 1 моҳ онҳо метавонанд назди аҳли оилаи худ қарор дошта бошанд. Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз, 11 октябр дар ин хусус ба қонун «Дар бораи мақоми хизматчиёни ҳарбӣ» тағйироти дахлдор қабул кард.
↧