Бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд дар Тоҷикистон Фонди бозтамвил таъсис дода шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, фонди мазкур имконият медиҳад, ки дастрасии устувори дарозмуддат барои бозтамвили дохилӣ бо асъори миллӣ дар муассисаҳои молиявӣ ва бонкҳои Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.
↧