Имрӯз, 5 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзашро ҷашн мегирад. Пешвои миллат имрӯз 65-сола шуд. «Президент зодрӯзи худро хоксорона ҷашн мегирад, ӯ дар кор аст», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ба унвони Сарвари давлат ворид шудани табрикот аз номи як қатор сарони кишварҳои дунё дар назар аст.
↧