Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба унвони Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар оид ба тафтиши воқеъбинонаи ҳодисаи лату кӯби муҳоҷири тоҷик, шаҳрванди Тоҷикистон Наврӯз Зикиров муроҷиатнома (нота) фиристод. Муроҷиатномаи мазкур рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 9 рӯз пас пас аз ҳодиса ирсол гардида, аз сафорат имрӯз дар ин бора хабар доданд.
↧