Куштор рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар қаламрави бозори «Гули сурх» ба вуқӯъ пайваст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 56-солаи сокини деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшанро, ки пеш бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир кардаанд.
↧