Ширкати ҳавопаймоии русиягии «ВИМ-Авиа» парвози ҳавопаймоҳояшро ба ҳамаи хатсайрҳои Маскав - Қӯрғонтеппа - Маскав, ки аз моҳи октябри соли равон пешбинӣ шуда буд, бекор кард. Қобили зикр аст, ки фурӯши билетҳо ба ин хатсайр оғоз гардида, лекин дар робита ба мушкилот дучор гардидани ширкати «ВИМ-Авиа», фурӯши он боздошта шуд.
↧