Мақомоти Ӯзбекистон аз Москва хостанд, ки дороиҳои духтари калонии президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро дар Русия ба ҳабс гирад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Гулнора Каримова дар Русия дар маҷмааи "Камолот"-и Москва пентҳауз, дар минтақаи Рублевка ҳавлӣ ва 8 хона дорад. Дар Ялтаи Қрим меҳмонхона, манзили истиқоматӣ ва қитъаи замин низ дорад.
↧