Шоми 24 сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Сергей Обривалин ҳусни оғоз бахшиданд.
↧